БОЗОРИ МОШИНФУРУШӢ ТАЪМИР КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Харидорони мошинҳои сабукрав рӯзҳои ҷумъа, шаннбе ва якшанбеи ҳафтаи гузашта ҳайратзада шуданд. Дар бозори мошинфурӯшии «Гипрозем» аз мошин нишоне ҳам набуд. Хатти даромадгоҳ баста буд. Майдони мошинфурӯшӣ таъмиру таҷдид карда мешуд, ки ин чорабинӣ дар асоси қарори шаҳрдорӣ амалӣ мешавад. Роҳбарияти нави «Мошинбозори Гипрозем» ба азнавсозии бозор оғоз карданд. Акнун тибқи лоиҳаи нави бозор, барои ҳар як мошин ҷои муайян сохта мешавад ва соҳиби мошин ҳуқуқи дигар кардани ҷойро надорад. Ба гуфти роҳбарияти нави бозор, толори кушодаи фурӯши мошинҳои сабукрав ба истилоҳ «Автосалон» яке аз павилонҳои зеботарини Душанбе хоҳад шуд. Сокинони ин маҳалла қарори раиси шаҳрро хеле хуб пазируфтанд, ки он метавонад дар тозагии экологии шаҳр мусоидат намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






