БУНГОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАВ

Май 26, 2009 13:02

                       Бадахшон, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Бо кӯшишу ғайрати маъмурияти Ширкати барқии «Помир» дар шаҳри Хоруғ бунгоҳи нави хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт. Ба хотири беҳбудии хизматрасонии ширкат ба сокинони вилоят дар 1,5 соли охир ин 9-умин лоиҳаест, ки амалӣ гардонида мешавад. Қабл аз ин, лоиҳаҳои таъсиси сехи нави электронӣ, сарфаи оби Суманкӯл, васли ҳисобкунакҳои нав ва ғайра ҷомаи амал пӯшиданд.                       Дар марказ 12 нафар коршинос гирд омадаанд. Дар боби нерӯи барқ, асбобҳои барқӣ, пардохти ҳаққи хизмати нерӯи барқ ва ғайра, ки марбути ширкат аст, муштариён ба марказ сим мегузаронанд. Коршиносон ба хизмати онҳо мешитобанд. Бунгоҳи Марказ шабу рӯз фаъолият дорад. Хуллас, муштариён метавонанд, ба ҳар як саволи хеш дар ин марказ ҷавобҳои аниқ пайдо намоянд.

Май 26, 2009 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид