ЧАРОҒАКҲОИ НАВИ КАММАСРАФ КОМИЛАН БЕЗАРАРАНД
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯзҳо бисёр сокинони шаҳру деҳоти мамлакат пурсон мешаванд, ки чароғакҳои нави каммасрафи сохти чинӣ ба саломатии инсон зарар доранд ё не? Фарқи онҳо аз чароғҳои муқаррарии барқӣ дар чист? Чароғакҳои нави барқиро чӣ гуна интихоб кардан мумкин аст ва ғайра? Мухбири АМИТ «Ховар» аз сардори раёсати метрологияи Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимов хоҳиш намуд, ки ба ин саволҳо ҷавоб диҳад. — Қатъан изҳор менамоям, ки овозаҳо дар бораи таъсири зарарноки чароғакҳои нави каммасраф ба саломатии инсон беасосанд, — гуфт Ҷ.Раҳимов. — Бар акс, ин чароғакҳо аз худ шуои ултрабунафш ва ултрасурх мебароранд, ки ба шуои офтоб шабоҳат дошта, ба организми инсон таъсири мусбати физиологӣ ва рӯҳӣ мерасонад. Ба қавли Ҷ. Раҳимов, аксарияти сокинони шаҳр қисми зиёди вақти худро дар дохили хонаҳояшон мегузаронанд, бинобар ин организми онҳо ба шуои ултрабунафш эҳтиёҷи калон дорад. Ғайр аз ин, чароғакҳои нав нурро ба чор тараф баробар паҳн менамояд. Ин хасташавии чашмҳоро бартараф месозад. Ҷӯрахон Раҳимов зикр намуд, ки нархи то андозае баланди чароғакҳои нав аз ҳисоби масрафи ками қувваи барқ ва мӯҳлати дарози истифодаи онҳо бароварда мешавад. Қайд карда шуд, ки як чароғаки сохти чинӣ аз 6 ҳазор то 12 ҳазор соат кор мекунад, ин нисбат ба мӯҳлати хизмати чароғҳои муқаррарии барқӣ аз 6 то 15 баробар зиёд мебошад. Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки чароғакҳои нав комилан безарар буда, илова бар ин каммасраф мебошанд. Бинобар ин сокинони мамлакат метавонанд онҳоро бемалол ва бо дили пур истифода баранд, гуфт дар хотима Ҷӯрахон Раҳимов.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






