ДАР ИМА ДИСКИ КОМПЮТЕРИИ МАЪЛУМОТИ МАХФӢ ГУМ ШУД
Вашингтон, 20 май. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Агентии иттилоотии «Ассошиэйтед Пресс» хабар дод, ки 19 май аз Раёсати миллии бойгониҳо ва ҳуҷҷатнигоҳдории ИМА диски компютерие гум шуд, ки дар он роҷеъ ба фаъолияти маъмурияти Билл Клинтон ва хадамоти махфии ИМА маълумот сабт карда шуда буд. Ҳаҷми маълумоти дар он сабтшуда як терабайтро ташкил медиҳад. Дар он аз ҷумла, ҳисобот дар бораи фаъолияти Қасри Сафед ва мулоқотҳои кормандони он маълумот дарҷ карда шуда буд. Бо ҳамин диск рӯйхати суроғаҳо ва рақамҳои суғуртаи иҷтимоии теъдоди зиёди одамон гум шуд, ки дар байни онҳо номи яке аз духтарони ноиби собиқи президент Ричард Чейни ҳам ҳаст. Дар бораи гум шудани диск аъзои конгресс Эдолфус Таунс ва Дорелл Исса хабар доданд. Диски мазкур дар бинои нави бойгонии иёлати Мериленд гум шуд, ки соли 1994 сохта шудааст. Хадамоти федералии тафтишот барои ҷустуҷӯӣ диски гумшуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






