ДАР ТЕМУРМАЛИК КИШТИ БАҲОРӢ БА АНҶОМ РАСИД
Темурмалик, 18 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Кишоварзони ноҳияи Темурмалик кишти баҳориро ба анҷом расониданд, гуфт сардори раёсати кишоварзии ноҳия Абдулҳақ Давлатов ва афзуд, ки то ин ҷониб дар майдони 12 ҳазору 279 гектар замин кишти тирамоҳию баҳорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ дар майдони 10731 гектар кишти ғалладона, 1370 гектар зироатҳои техникӣ, 43 гектар картошка, 40 гектар сабзавот, 95 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия беш аз 480 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намуда, айни ҳол ба ҷамъоварии хошок, тоза кардани заминҳо аз алафҳои бегона, тароши чорво, таъмири техникаҳои ғалладаравӣ машғуланд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






