ДИПЛОМАТҲОИ ҶАВОН САВГАНД ЁД КАРДАНД
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дирӯз 16 нафар дипломати ҷавон дар бораи садоқату вафодорӣ ба Ватан, риояи принсипҳои адолат, беғаразӣ, ҳақиқат, воқеъбинӣ ва афзал донистани манфиатҳои давлат ва ҷомеа савганд ёд карданд. Қайд карда шуд, ки маросими савгандёдкунии дипломатҳои ҷавон дар таърихи дипломатияи Тоҷикистон бори аввал гузаронида шуд ва ин анъана минбаъд давом дода мешавад. Дар маросими савгандёдкунии дипломатҳои ҷавон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, роҳбарон ва кормандони масъули ВКХ ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






