ДИТ БА ҲАЙАТИ СРДОИ ПАЗИРУФТА МЕШАВАД
Душанбе, 13 май,(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ояндаи наздик донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ба ҳайати Созмони робитаи донишгоҳҳои олами исломӣ пазируфта мешавад. Масъалаи ба узвияти ин созмони мӯътабар пайвастани донишкадаи исломии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Мисри Араб -шаҳри Қоҳира зимни мулоқоти ректори донишкадаи мазкур Абдуҷалол Ализода бо дабири кулли Созмони робитаи донишгоҳҳои исломӣ доктор Ҷаъфар Абдуссалом баррасӣ шуд. Дар робита доктори мисрӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, баррасӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкориро яке аз шартҳои асосии ба узвияти ин созмон пазируфта шудани донишкадаи исломии Тоҷикистон донист. Алҳол, дар ҳайати Созмони робитаи донишгоҳҳои олами исломӣ 150 донишгоҳи кишварҳои мусулмонӣ пазируфта шудаанд. Қароргоҳи созмони мазкур дар Арабистони Саудӣ аст. Сарвари донишкадаи исломии Тоҷикистон А. Ализода мегӯяд, ки шомил шудан ба ин созмони мӯътабар аз манфиат холӣ нест. Зеро он ҷиҳати рушди донишкада, хусусан тақвият бахшидани базаи моддию техникии он, таъсиси китобхонаи электронӣ ва дигар паҳлӯҳои дурнамои донишкадаи исломии Тоҷикистон нақши муҳим мегузорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






