ДУ НОМЗАДИ НАВИ ИЛМ
Хуҷанд, 22 май.(АМИТ «Ховар» Самад Юсуфӣ).-Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров кори илмии ду олимаи кафедраи филологияи тоҷики донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифт. Унвонҷӯ Ҷӯраева Сарвиноз Бобоқуловна ҳимояи рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Муродифат дар осори Ҷомӣ» таҳти роҳбарии профессор Мукаррама Қосимова ва муқарризи расмии профессор Абдуҷамол Ҳасанов ва номзади илми филологӣ Собирҷон Ҳошимов бомуваффақият ҳимоя намуд. Баъд аз ин ҳимояи рисолаи номзадии унвонҷӯ Бобоҷонова Дилбар Абдумӯъминовна дар мавзӯи Воҳидхои луғавии калимаҳои семантикӣ дар «Шохнома»и Фирдавсӣ оғоз гардид. Рохбари илмӣ дотсент Ахмадҷон Давронов, муқарризи расмӣ, профессор Додихудо Саймиддинов ва дотсент Тугралхон Шокиров буда, ҳимоя бомуваффақият гузашт ва ба таҳсину офаринҳо сазовор гардид. Подоши меҳнат ва захматҳои ҳарду унвонҷӯ бобарор гардид. Дар шӯро доктори илмҳои филология профессор Низомиддин Зоҳидов раисӣ намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






