ДУ ОИЛАИ АШТӢ БА АФҒОНИСТОН РАФТАНД
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз рӯзи ҷашнгирии 1 Май ду оила иборат аз 14 нафар сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд тавассути сарҳади ноҳияи Шӯрообод дарёи Панҷро убур карда вориди давлати ҳамсоя шуданд. Аз ҷониби пулиси давлати Афғонистон 12 нафар сарҳадшиканон, ки миёни онҳо кӯдакони ноболиғ ва занон ҳам ҳастанд, дастгир шуда барои муайян кардани сабабҳои сарҳадшиканӣ зери тафтишоти хадамоти амнияти Афғонистон нигоҳ дошта мешаванд. Ду нафари ин гурӯҳи сарҳадшикан ҳанӯз дастгир нашудаанд ва онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Чунин ҳодисаи сарҳадшикании гурӯҳӣ дар давоми мустақилияти Тоҷикистон бори аввал сурат мегирад








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






