ДУЗДИИ СОХТАКОРОНА
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳи ҳамкасбонашон аз Раёсати мубориза ба муқобили ҷинояти муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар натиҷаи тадбирҳои фаврӣ ҷиноятеро фош карданд, ки 27 апрели соли равон содир карда шуд. Бояд гуфт, ки натиҷаҳои тафтишот ғайричашмдошт буданд. Ҳамон рӯз соати 23 — ю 30 дақиқа ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ телефонӣ хабар доданд, ки шахсони номаълум мағозаи «Вохӯрӣ» — ро дар ҳудуди колхози «Россия» ғорат кардаанд. Аз рӯи хабари расида, чор шахси номаълум ба дӯкони мазкур ҳуҷум карда ва бо туфангчаи Макаров таҳдид намуда, дасту пои фурӯшандаи ҳамин мағоза Акбарҷон Маҳмадҷонови 23 — соларо баста, сандуқи оҳанин (сейф) — ро кушода, аз он 4 ҳазор доллари ИМА — ро бо худ гирифта, аз ҷои воқеа ғайб заданд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода, барои тафтиши он таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров гурӯҳи тафтишотӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки воқеаи ғорат кардани мағозаро худи кормандони он Акбарҷон Маҳмадҷонов ва бародари хурдии ӯ Охунҷон Мамадҷонови 18 — сола ба таври сохтакорона бо мақсади аз худ кардани пул ташкил намуданд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бародарони ғоратгар ба ҳабс гирифта шуданд ва дафтари аъмоли онҳо тафтиш карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






