ФАЪОЛИЯТИ «МАРКАЗИ БОВАРӢ»
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷӯмҳурӣ ҳамоҳангсози сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барномаҳои давлатии оид ба масъалаи занон ва оиларо аз ҷониби Кумита роҳандозӣ месозад,- иброз дошт раиси кумитаи мазкур Хайринисо Юсуфӣ. Дар назди Кумита «Маркази боварӣ» фаъолият дорад. Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ Марказ ба зиёда аз 400 нафар занону духтарони корафтода маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва психологӣ расонидааст. Кумитаи кор бо занон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи грантҳои Президентӣ» барои занони соҳибкор дар давоми солҳои 2008-2010 -10 грант дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 15 ҳазор сомониро мавриди амал қарор додааст. Соли 2009 аз 79 соҳибкорзанони ба комиссияи грантӣ лоиҳа пешниҳоднамуда, 30 лоиҳаи он ғолиби озмун дониста шуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






