«ФАВЗ» — КОМЁБИИ МИЛЛАТ ВА САРЗАМИН АСТ
Душанбе, 14 май. (АМИТ "Ховар", Марзия Саидова). — Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ ва кӯҳсор буда, бо мавқеи хоси ҷуғрофӣ, иқлими мусоиду офтобӣ ва олами бои набототу ҳайвоноти худ дар миқёси кишварҳои минтақа афзалияти бештаре дорад. Маҳз гуногунии олами наботот ва табиати офтобӣ дар фаслҳои гуногуни сол, хусусан фасли тобистон бо вазидани шамолу чанг ва зуҳури ҳашароти зараррасон бахши кишоварзии мамлакат ҳисороти ҷиддӣ мебинад. Ҷиҳати рафъи ин мушкилот имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ширкату муассисаҳое фаъолият доранд, ки барои мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҳифзи олами растанӣ ва бо заҳрхимикатҳо безарар гардонидани партовгоҳҳо ва манзили зисти мардум фаъолияти густурда ба роҳ мондаанд. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Фавз» аз зумраи чунин муассисаҳоест, ки фаъолияти худро ба ин самт равона кардааст. Зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси ҶММ «Фавз» Абдулазиз Ҷобиров гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси чунин як ширкат пеш аз ҳама дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҷиҳати ҳифзи олами растанӣ, пешгирии афзоиши ҳамагуна ҳашароти зараррасон, ки боиси сар задан ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар фасли гармо мегарданд ва безарагардонии партовгоҳҳо ба шумор меравад. Абдулазиз Ҷобиров мегуфтед, ки маънои «Фавз» чист? Калимаи «Фавз» сирф тоҷикӣ буда, маънояш комёбӣ аст. Ният ва фаъолияти мо ҳам мушарраф гардонидани сарзаминамон -Тоҷикистон ба комёбиҳои беназир ва рушду шукуфоӣ аст. Аз ин рӯ, мо ин номи рамзиро маҳз бо камоли ноил гардидан ба дастовардҳои бузург гузоштаем. Фаъолияти ширкати «Фавз» аз соли 2005 дар се самт ба роҳ монда шудааст. Ин ҳам бошад ворид намудани заҳрхимикатҳо ва фурӯши он, ба роҳ мондани истеҳсолот ва корҳои дезинфксионӣ ё безараргардонист. Қаблан заҳрхимикатҳоро аз хориҷӣ кишвар меовардем. То ҳозир ҳар сол тақрибан ба миқдори 1- 1,5 миллион доллари америкоӣ заҳрхимикатҳо ворид карда мешаванд. Соли 2007 бошад дастгоҳҳои махсуси борбандӣ ва формулятсияи заҳрхимикатҳоро ворид намудем. Алҳол ҳамаи таҷҳизотҳо омодаи истеҳсол кардани заҳрхимикатҳо ҳастанд. Мо мутахассисонро як маротиба аз Ҳиндустон, ду маротиба аз Олмон ва ду маротиба аз Чин даъват намудем, то ки мутахассисони моро омӯзанд, яъне масъалаи чӣ гуна бо дастгоҳҳо кор кардан ва мавриди истифода қарор додани заҳрхимикатҳо омӯхта шаванд. Аз моҳи январи соли 2009 сар карда, истеҳсоли 5 номгӯи заҳрхимикатҳои ватаниро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мондем. Самти дигари фаъолияти «Фавз» гузаронидани корҳои профилактикӣ аст, ки дар ин масъала хеле натиҷаҳои назаррас ба даст овардаем. Аксарияти корхонаҳое, ки дар асоси шартнома бо мо ҳамкорӣ мекунанд аз натиҷаи корҳоямон қаноатманд ҳастанд. Мақсади асосии мо чӣ тавр ва бо кадом роҳҳо пешгирӣ кардани паҳншавии ҳар гуна ҳашароти зарарасоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар объектҳои гуногун дар хонаҳои истиқоматӣ зуҳур менамоянд ба шумор меравад. Бояд мардум низ нисбати масъалаи мубориза бо паҳншавии ҳашароти зараррасон масалан магас, кӯрпашшаҳо, пашшаҳои калон, нонхӯракҳо, ки сабаби пайдо шудан ва паҳншавии ҳар навъ бемориҳои сироятӣ мегарданд, муносибати ҷиддӣ дошта бошанд ва ҷиддӣ рафтор намоянд. Яъне пеш аз ҳама масъалаи тозагию ободонӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад. Мисоли равшан нонхӯракҳо тавассути қубурҳои канализатсия аз як манзил ба дигар манзил паҳн мешаванд. Агар мо дар зери микроскоп изи пои онҳоро мушоҳида намоем мебинем, ки чӣ қадар микроб аз зери пояшон боқӣ мемонанд, ё ин ки пашшаи калони сиёҳ. Онҳо дар ҳар куҷое рост ояд мешинанд. Ба дастархон ба хӯрока ва ғайраҳо. Ҳангоми пашша ба рӯи қанд менишинад барои хӯрдани он аз даҳонаш шира ё об мебарорад. Ва ин об қариб 93 дар сад микроб аст ва сабаби пайдоиши ҳар гуна беморӣ шуда метавонад. Бигӯед, ки муштариёни «Фавз» киҳо ҳастанд? Бештари муштариёни «Фавз» ин муассисаю корхонаҳои ҷумҳурӣ ҳастанд. Инчунин, шахсони воқеӣ низ дар сурати пайдо гардидани ҳашаротҳои зараррасон дар хонаҳо ва боғу токзорҳояшон ба мо муроҷиат менамоянд. Коргарон ва мутахассиони «Фавз» ба куҷое, ки нараванд пеш аз хизматрасонӣ масъалаи фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд. Яъне корҳои таблиғотӣ низ бурда мешавад? Бале, корҳои таблиғотӣ дар байни мардум ҳатман бурда мешавад. Ва он яке аз роҳҳои афзалиятноки ба мардум фаҳмонидани оқибатҳои ҳашароти зараррасон мебошад. Мо кӯшиш менамоем, ки ин масъаларо дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем ва ин ҳадафи асосии мост. Барои ҷалби мутахассиони баландтаҷриба дар корхона чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Бояд тазаккур дод, ки дар ин масъала роҳбарият ва мутахассисони ширкат тадбирҳои судманд меандешанд. Мутахассисоне, ки дар ширкат фаъолият менамоянд дар бахши дезинфексия таҷрибаи 15-35 солаи корӣ доранд. Мутахассисон дорои таҷрибаи калони корӣ буда, метавонанд бо сатҳи кордонию масъулият ва хизматрасонии худ мардумро қаноатманд намоянд. Ба ҳамаи саволҳои муштариён мутахассисон метавонанд ҷавобҳои саҳеҳ ва мукаммал диҳанд. Нозукиҳои илмӣ, хусусан роҳҳои раҳоӣ аз ҳашаротҳо ва мубориза бо хомӯшакҳои паҳнкунандаи бемории варҷа мисоли равшан аст. Тибқи таҳлилҳои тиббӣ вақте, ки хомӯшак одамро мегазад баъди чанд рӯз дар бадани ӯ бемории вараҷа пайдо мешавад. Ҳамаи ин масъалаҳо ва тадбирҳои пешгирии онро ба мардум мефаҳмонанд. Алҳол мо доруҳои гуногун ворид намудаем, ки истифодаи онҳо дар ҷойҳо, хонаҳо, корхонаҳо афзалияти бештаре дорад. Ин доруҳо метавонанд манзили зисти мардумро ба мӯҳлатҳои ду се моҳ аз ҳашароти паҳнкунандаи бемории вараҷа нигоҳ дорад. Тамоми донишу малакаи мутахассисону кормандони «Фавз» ба он равона карда шудааст, ки хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд ба роҳ гузошта, талаботи мардумро ба пуррагӣ қонеъ гардонем. Хизматрасонии «Фавз» ба мардум бо кадом тарз ба роҳ монда шудааст? Ҳизматрасонии «Фавз» дар ду самт ба роҳ монда шудааст. Яъне ба корхонаҳои ҳуқуқӣ бо шартномаҳои ҳамешагӣ хизмат расонида мешавад. Масалан, мо бо корхонаҳо шартномаи яксола мебандем. Ва ҳар моҳ як маротиба дар асоси ҷадвали кории тартибдодашуда, мутахассисони «Фавз» корҳои дезинфексионӣ мебаранд. Дар ин маврид аз тарафи корхона як шахси мутасаддӣ ҳаст, ки ба мутахассисони мо корро ҳамоҳанг месозад. Инчунин, шахсони воқеӣ метавонанд ба ширкати «Фавз» ба таври озод муроҷиат намоянд. Дар ин маврид суроғаи шахси муроҷиаткунанда навишта шуда, дар вақту соати муайян мутахассиони «Фавз» ба хонаи шахсони муроҷиаткунанда рафта, корҳои дезинфексиониро иҷро менамоянд. Алҳол дар шаҳри Душанбе ду дафтари кори «Фавз» фаъолият менамоянд. Ин ҳам бошад дафтари марказии «Фавз», ки он ба муҳофизати растанӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ вобаста аст ва идораи дигари ширкат, ин дар кӯчаи Неъмат Қарабоев дар маҳали Сирки давлатӣ воқеъ аст, ки дар он ҷо мутахассисони вобаста ба корҳои дезинфексионӣ қарор доранд. Техника ва таҷҳизоти ширкат бошад дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир карда шудааст. Дастгоҳҳо ва дигар техникаи «Фавз» аз кадом кишварҳо оварда шудааст? Асосан техника ва дастгоҳҳое, ки ширкат ворид намудааст аз давлатҳои пешрафта ва мутамаддини дунё, аз қабили Русия, Италия, Олмон ва Ҷопон ворид карда шудаанд, ки онҳо ҳам дар соҳаи муҳофизати растанӣ ва дезинфексияи профилактикӣ истифода бурда мешаванд. Оё «Фавз» бо дигар ширкатҳои кишварҳои дунё ҳамкорӣ дорад? Албатта барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти ширкат ва андӯхтану истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамкории мутақобилан судманд ҳатман зарур аст. Танҳо барои ба таври замонавӣ ва қаноатбахш ба роҳ мондани корҳои дезинфексионӣ ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла, бори аввал ба Ӯзбекистон сафар кардам вале, таҷрибаи ин кишвар чандон қаноатманд накард. Баъдан ба Туркия ва Олмон сафар кардам ва дидам, ки дар ин давлатҳо корҳои дезинфексионӣ дар сатҳи баланд ба роҳ гузошта шудааст. Яъне зимни сафарҳоямон мо натанҳо таҷрибаи ин кишварҳоро омӯхтем, балки бо дастгоҳҳои навтарини замонавӣ шинос шуда, баъдан ба ҷумҳурӣ ворид сохтем. Хусусан, дар Олмон ба системаи коргузорӣ, хизматрасонӣ бо дастгоҳҳо ва заҳрхимикатҳо аз наздик ошно гардидем ва таҷрибаи пешрафтаи онҳоро омӯхтем. Ман аз он ифтихор дорам, ки чунин тарзи баланди хизматрасонӣ имрӯз дар Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ аст ба роҳ монда шудааст. Ҳамкории «Фавз» бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан шаҳри Душанбе дар кадом сатҳ аст? Албатта, нисбати ин масъала кӯшиш дорем, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монем. Чунки ҳадафи мо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар як аст. Ин ҳам бошад беҳдошти сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад. Роҳбарияти ширкати «Фавз» иқдом намуд, ки дар партовгоҳҳои шаҳр як системаи навтарини дезинфексиониро ба роҳ монем. Масалан, ҳар рӯз тақрибан 150 мошин партов аз шаҳр берун бароварда мешавад. Ва дар бозгашт мошинҳоро бояд ба таври замонавӣ дезинфексия кард то вақти бозгашт дар чарху борти он микробҳо ба шаҳр ворид карда нашавад. Ва алҳол ба ҷумҳурӣ аз ширкати олмонии «Свингфог» дастгоҳҳои навтарину замонавӣ ворид карда шуд. Дар ояндаи наздик бошад стансияи дезинфексионӣ ворид карда мешавад ва ин ният аст, ки он дар даромадгоҳи партовгоҳи умумишаҳрӣ васл карда шавад. То ин ки нақлиёт ва техникаи партовбар дезинфексия карда шуда, баъдан ба шаҳр ворид шавад. Алҳол, ду ноҳияи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ бо ширкати «Фавз» оиди дизенфексия кардани партовгоҳҳо шартномаи ҳамкорӣ бастаанд. Тамоми партовгоҳҳои ноҳияҳои зикргардида, моҳе як маротиба бо техникаҳои махсус дезинфексия карда шуда, то ин ки ҳар гуна ҳашароти заррарасон ва паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ нест карда шаванд. Зеро сарчашмаи асосии ҳар гуна ҳашарот, бахусус магас, хомӯшак, мӯш ва ғайра ин майдончаҳои партовҷамъкунӣ мебошанд. Барои ҳамин ҳадафи асосии ширкати «Фавз» ҷиддитар ба роҳ мондани корҳои дизенфексионӣ дар майдончаҳои партовҷамъкунӣ аст. То ҳар гуна ҳашаротҳои заррарасони сироятӣ ва микробҳо ба дигар ҷойҳо паҳн нашаванд. Масалан бисёр ҳодисаҳои номатлуби дар хоб газидани мушҳо кӯдакон ва одамони калонсолро дар шаҳр ба қайд гирифта шудаанд. Мо хостори онем, ки ҳамчун мутахассис саҳми худро ҷиҳати ҳал ва бартараф кардани ин проблема гузорем, ва дар ин самт тамоми қувваю малакаи худро истифода намоем. Аз ҷумла, корҳои оммафаҳмонӣ дар байни мардум бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги шаҳршинӣ, риояи тозагии маҳали зист, хонаю кӯча гузаронида мешавад. Зеро тавре дар боло зикр кардам тозагӣ гарави саломатии ҳар як инсон аст. Барои ҳар як сокини шаҳри Душанбе тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зисти худ кори хайру савоб ва муқаддас аст. Зеро агар як шаҳрванд мубталои бемории сироятӣ гарда два метавонад якчанд сокини маҳаллаи худро гирифтори беморӣ гардонад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки аксар вақтҳо кӯдакон шояд бо айби калонсолон бошад, партовҳоро ба майдонҳои партовҷамъкунӣ бурда мепартоянд. Дар баъзе мавридҳо дар ҳар сари кӯчаю роҳравҳо, ки боиси коста гардидани ҳусни шаҳр, пайдо шудани ҳар навъи ҳашароти зарарасон мегарданд. Ё ин ки вақте кӯдакон ба партовгоҳ партов бурда мепартоянд чашмашон ба бозичае меафтад ва хоҳу ноҳоҳ онро ба даст мегиранд ва шояд кӯдак дар ин маврид гирфитори бемори сироятӣ гардад. Мо атрофиён ва калонсолон бояд худро дар канор нагирем ва бетарафиро ихтиёр насозем. Мақсади асосии «Фавз» низ тозагию озадагии рӯзгор ва ҳифзи муҳити зист, олами набототу растаниҳост. Ҳар сол киштзорҳои ҷумҳуриро малах ҳамла карда, даҳҳо гектар майдонҳои киштро ба коми худ фурӯ мебарад, дар мавриди мубориза бо малах «Фавз» кадом корҳоро ба анҷом мерасонад ва аз кадом навъи техникаи муосир истифода мекунад? Бале, дар мавриди мубориза бо малах «Фавз» ягона ширкате ҳаст, ки дорои дастгоҳу техникаи пуриқтидор ва муосир мебошад. Ҳатто чунин дастгоҳҳо дар дигар кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон вуҷуд надоранд. Ин навъи дастгоҳро «Фогинг» мегӯянд, ки онро аз Олмон ворид намудаем, ки ҳатто дар ҷойҳои дастнорас малахро несту нобуд месозанд. Алҳол дар ин масъала бо ноҳияи Рӯдакӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаем. Алъон дар он ҷо мутахассисони мо бо ин навъи ҳашарот мубориза мебаранд. Инчунин аз ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ ба мо муроҷиат карда истодаанд ва дар ҳоли бастани шартномаи ҳамкорӣ мебошанд. Дар оянда дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ифтитоҳи намояндагии «Фавз» дар назар дошта шудааст? Алҳол, дар се ноҳияи ҷумҳурӣ- ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Варзоб намояндагии «Фавз» фаъолияти густурда дорад. Дар оянда ифтитоҳи намояндагии ширкат дар дигар минтақаҳои кишвар низ дар назар дошта шудааст. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрист. Ва фаъолияти ба мисли «Фавз» ширкатҳо муҳим аст. Оё «Фавз» кафолати хизматрасонии худро таъмин карда метавонад? Мо ҳадалимкон кӯшиш дорем, ки кафолати дорувориҳо ва хизматрасонии дезинфексиониро ба муштариён таъмин созем. Агар ин тавр гӯем, ки ҳашарот ба пуррагӣ несту нобуд карда мешавад хато аст. Зеро дар бахши кишоварзӣ мафҳуми ба пуррагӣ несту нобуд кардани ҳашарот вуҷуд надорад.Балки мафҳуми «пешгирии» ҳашаротҳои зарарасон вуҷуд дорад.Яъне ҳашароти зарарасон то дарҷаи лозимӣ бояд несту нобуд карда шаванд. Дар оянда ширкат ният дорад, ки дар якҷоягӣ бо FAO ва вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар робита ба масъалаҳои дуруст истифода бурдани заҳрхимикатҳо, шиносонидан бо заҳрдоруҳои навтарин, истифодаи техникаҳо барои кишоварзони ҷумҳурӣ як семинар гузаронад.Дар нақша аст, ки дар семинар аз ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ ду ва се нафар кишоварзон даъват карда мешаванд. Зеро дар шароити кунунӣ тамоми доруҳо, заҳрхимикатҳо ва дастгоҳҳо дигаргун шудаанд ва тарзи истифодаи онҳо низ тағйир ёфтааст. Аз ин рӯ, бояд усулҳои нави истифодаи онҳоро ба деҳқонону кишоварзони мамлакат омӯхт ва дастрас кард. Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири худро ба фаъолияти ҶММ «Фавз» расонидааст? Вобаста ба бӯҳрони молиявӣ албатта теъдоди муштариёни ширкати «Фавз» коҳиш ёфтааст. Вале мо кӯшиш менамоем, ки тамоми мушкилоти ба вуҷудомадаро бо масъулияти том ва назари нек ба оянда рафъ созем. Абдулазиз Ҷобиров «Фавз» -ро чӣ нияту нақшаҳо дар пеш аст? Яке аз ҳадафҳои стратегии мо ин тавсеа бахшидани истеҳсоли заҳрхимикатҳо дар дохили ҷумҳурӣ ва ба кишварҳои хориҷӣ, хусусан давлатҳои ҳамсоя содир кардани он аст. Инчунин, ҷалби мутахассисони ботаҷриба, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ворид намудани технология ва таҷҳизоти муосир ва дар заминаи он ба роҳ мондани рақобати солим бо дигар корхонаю ширкатҳое, ки дар робита бо ин соҳа фаъолият доранд. Инчунин, ширкати «Фавз» метавонад бо пешрафти худ мушкилоти мардумро дар дар бахши муҳофизати растанӣ, корҳои дезинфексионӣ ва профилактикӣ ҳал намуда, яке аз манбаъҳои андозсупорандагони кишвар гардида, дар ғанӣ намудани буҷаи кишвар, пешрафти бахши иҷтимоӣ, хусусан бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муассир гузорад. Дар робита саъю талоши ҳар чӣ бештари кормандону мутахассиони «Фавз» саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии сарзаминамон -Тоҷикистон аст. Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ, Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».