ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР ОГОҲ НАМУД
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фонди байналмилалии асъор кам шудани интиқоли маблағро аз Федератсияи Россия ва дигар давлатҳое, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар онҷо кору фаъолият доранд, пешгӯӣ кардааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, интиқоли маблағ аз Федератсияи Россия дар давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 33 фоиз кам гардидааст. Иқтисодиёти давлатҳои Кафказ ва Осиёи Марказӣ аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст, -иброз дошт роҳбари махсуси Фонди байналмилалии асъор дар Тоҷикистон ҷаноби Аксел Шиммелпфеннинг дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Бино ба гуфти ҳамин манбаъ, дар назар аст, ки интиқоли маблағ то охири соли 2009 аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон боз ҳам камтар гардад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






