ГОВДУЗДОН ДАСТГИР ГАРДИДАНД
Темурмалик, 15 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Прокурори ноҳияи Темурмалик Файзулло Абдуллоев нисбати 4 ҷинояткор, Хурсанд Шерхонов, Ҷамшед Хоҷаев, Наҳтулло Абдураҳмонов, Ҳасан Маҳмадалиев парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд. Ҷинояткорон ба дуздии амволи шаҳрвандон гунҳкор ҳисобида шуда, бо моддаи 244 қисми 2 маҳкум гардиданд. Ба гуфтаи ин манбаъ ҷинояткорон 3 сар ҳайвони калони шохдорро аз шаҳрвандон ғорат намуданд, ки, зарари он 4000 сомониро дар бар мегирад. Абдуллоев афзуд, таи солҳои охир дуздии амволи шаҳрвандон, нисбатан зиёд ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, хушбахтона 4 моҳи соли равон ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштор, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, таҷовуз ба номус, қаллобӣ ба қайд гирифта нашудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






