ХАТНАCУР ДАР МАКТАБ – ИНТЕРНАТИ НОШУНАВОЁН
Ноҳияи Б. Ғафуров, 23 май (Мирзалӣ Амонов,Самад Юсуфӣ).- Дар мактаб-парстишгоҳи ношунавоёни вилоятӣ, ки воқеъ дар ҷамоати Қистакӯзи ноҳия ба сарпарастии марди олиҳиммат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдусамад Сатторов 8-нафар кӯдакони синфҳои якум хатнасур карда шуд. Дар ин тӯй раиси ноҳия Муҳиддинов Лутфулло Эргашевич, раиси АХД ба номи Абдураҳим Ҷумаев Абдуалӣ Абдуманнонов, сардори идораи иттифоқи касабаи шӯъбаи маорифи вилоят Юсуфҷон Ҷумабоев иштирок намуданд. Маълум гардид, ки саховатмандии Абдусамад Сатторов бори аввал набуда солиёни дароз вай бо фарзандонаш Абдусаттору Абдуҷаббор ин амали некро пеша гирифтааст. Аз ҷумла, дар маркази ч.Қистакӯз истгоҳи автобус барои мусофирон. Дармонгоҳи ба номи Абдусамад Сатторови маркази ҷамоат. Ёрии беғаразонаи ӯ ба боғчаи раками 10, Беморхонаи марказии нохиявӣ, ба мактабҳои №34, №54, №5, №4, №40 ва инчунин одамони камбизоат хеле калон аст. Абдусамад Сатторов аз соли 1942 то охири ҷанг дар полки десанти ҷангида ду маротиба сахт ярадор шудааст, Орзу мекунад, ки агар сиҳату саломат ба Ватан баргардад танҳо барои халқ, ятимон ва мардуми камбизоат кӯмак мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






