ХОНАҲОИ БА ИҶОРА ДОДАШУДА ЗЕРИ НАЗОРАТ ГИРИФТА МЕШАВАНД

Май 26, 2009 12:11

                        Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омори дипломатҳои иҷоранишини хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқ мекунад,-иброз дошт сардори департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назрӣ.                        Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон манзилҳои истиқоматии худро барои истифодаи иҷора ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ супорида аз маблағи ба даст овардаашон андоз намесупоранд. Бинобар ин Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ гирифтани маълумотҳои заруриро дархост кардааст.                       Дархости Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ду ҷиҳат дорад; аввал андозро ба низом медарорад ва дуввум амнияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷиро таъмин менамояд,-афзуд Давлат Назрӣ.

Май 26, 2009 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид