ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ЗАМОНАВӢ СОХТА МЕШАВАД
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, дар шаҳр ба ҷои биноҳои солҳои 40-50-и асри гузашта биноҳои нави истиқоматии замонавӣ сохта мешаванд. Дар тамоми ҳудуди шаҳру деҳоти Ваҳдат дар айни замон иншооти зиёди маданӣ, маишиву хизматрасонӣ, тандурустӣ, истиқоматӣ, ки дар асоси қарори раиси шаҳр ба соҳибкорон ва шахсони алоҳида иҷозат дода шудаааст, сохта мешаванд. Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, бинобар зиёд шудани аҳолӣ дар ноҳия, бунёди биноҳои истиқоматӣ мебошад. Дар оянда низ баҳри дар маҳалҳои алоҳидаи шаҳр ҷой додани сохтмони биноҳои нави ҳозиразамон лоиҳаҳои нав пешниҳод мешаванд.Ҳамзамон барои беҳтар кардани намуди меъмории биноҳои сохташудаи солҳои 50-60-уми асри гузашта корҳои зебсозӣ (дизайнерӣ) бурда мешаванд. Дар сурати аз санҷиш гузаштан ба тобоварӣ, сохтмони хонаҳои 2 ошёна ба 4-5 ошёна табдил дода мешаванд. Бо ин усул аллакай чанд бино дар роҳи Норак сохта шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






