ИМА ВА ҶОПОН ЛОИҲАИ ҚАТЪНОМАРО ДАР БОРАИ ҶХДК ПЕШНИҲОД НАМУДАНД
Ню — Йорк, 29 май. (АМИТ «Ховар — Лента.Ру). — Аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ, инчунин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ рӯзи панҷшанбе ба муҳокимаи лоиҳаи қатъномаи нав дар бораи ҶХДК шурӯъ намуданд. Машварати намояндагони Британияи Кабир, Чин, Русия, ИМА, Фаронса, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар ин масъала паси дарҳои баста гузашт. Тафсилоти қатъномаи нав алҳол махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳаминаш маълум аст, ки мамлакатҳои аъзои СММ озмоиши навбатии аслиҳаи ядроиро дар Куриёи Шимолӣ шадидан маҳкум хоҳанд кард. Пешбинӣ карда мешавад, ки қатънома дар бораи ҶХДК аввали моҳи июн дар маҷлиси Шӯрои амният муҳокима карда хоҳад шуд. Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин изҳор намуд, ки барои тартиб додани қатъномаи нав мӯҳлати муайян муқаррар нашудааст. Қарори омода сохтани матни қатънома дар бораи Куриёи Шимолӣ 25 май дар маҷлиси Шӯрои амният баъди расидани хабар дар бораи озмоиши зеризаминии аслиҳаи ядроӣ дар ин мамлакат қабул карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






