ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ КАМ МЕГАРДАД

Май 19, 2009 10:41

                       Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Миқдори воридоти маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Россия ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 фоиз кам шудааст.                      Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 2008 интиқоли маблағ 55 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2007 камтар мебошад.Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, интиқоли маблағ то охири соли 2009 бо сабаби аз кор мондани корхонаҳо дар Федератсияи Россия боз бештар коҳиш меёбад, ки ин ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъсир намемонад.                   Тибқи маълумоти хазинаи байналмилалии асъор, тараққиёти иқтисодиёти Федератсияи Россия дар давоми 4 моҳи соли 2009 6 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ба рушди иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошта метавонад.

Май 19, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид