ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Май 29, 2009 14:53

Изҳороти матбуотииПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон(29 майи соли 2009)                      Мӯҳтарам намояндагони                       воситаҳои ахбори умум,                      Дӯстони азиз,                      Мо аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти муфассал ва судманд бо Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Олӣ Абдулло Гул изҳори қаноатмандӣ менамоем.Тоҷикистону Туркия чун шарикони боэътимод дар фазои анъанавии дӯстона ва ҳусни тафоҳум масъалаҳои дарёфти роҳҳо ва василаҳои муассири густаришу тақвияти ҳамкории васеи судмандро баррасӣ намуданд.                       Дар ин росто ба масоили ҳамкории босамар ва сатҳи имрӯзии иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос сурат гирифт. Мо бар онем, ки ҳамкории иқтисодии мо имконот ва захираҳои ниҳоят зиёд дорад ва мо қодирем онҳоро ба нафъи ҳарду кишвар ва сатҳи нави ҳамкории минтақавӣ истифода намоем.                      Мо самтҳо ва соҳаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, зарурати густариши онҳоро таъкид намудем. Кори самараноки Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои корӣ, ки дар чаҳорчӯби сафари мазкур ҷаласаи худро доир менамояд, махсус қайд гардид.Дар доираи Комиссия мувофиқа шудааст, ки соли равон ҳайати ширкатҳои пудратии Туркия ба кишвари мо ташриф меоранд ва инчунин нимаи аввали соли оянда намоишгоҳи молҳои содиротии Туркия дар Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.                       Ҳамчунин як қатор лоиҳаҳои ҷолиби таваҷҷӯҳи тарафайн дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, туризм, кишоварзӣ, нақлиёт баррасӣ шудаанд ва чораҳои мушаххаси амалигардонии онҳо аз ҷониби коршиносони ду ҷониб мавриди баррасӣ ва иҷро қарор хоҳанд гирифт.                       Қарор шуд, ки Туркия бо истифода аз таҷрибаи ғании худ барои воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва ташкили минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон кӯмаки техникӣ хоҳад расонид. Хулоса, мо нақшаҳои калон дорем ва баҳри татбиқи онҷо кӯшиши зарурӣ ба харҷ медиҳем.                          Дар ҷараёни мулоқоту музокирот инчунин масоили муҳими минтақавӣ, қабл аз ҳама қазияҳои маълуми сиёсӣ баррасӣ шуданд. Мо ҷонибдори онем, ки дар ин марҳалаи ҳассос ҳамаи давлатҳо масъулона ва ниҳоят санҷида амал намоянд.                          Бояд махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Туркия дар мавриди масъалаҳои амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ назари муштарак ва ё наздик бо ҳам доранд. Мо мубориза бо ду хатари ҷиддӣ, яъне терроризми глобалӣ ва қочоқи маводи мухадирро ба нафъи субот, амният ва пешрафти минтақа медонем.                          Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариши пайгири равобит ва ҳамкории минтақаҳои таърихан пайванд мебошад.                         Ҳар ду ҷониб зарурати ҳамкории босамартари кишварҳои мусулмонро таъкид намуданд.                          Масоили муҳими ҷаҳонӣ низ баррасӣ шуданд. Мо тақвият ва таҳкими низоми байналмилалиро бар асоси усули меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ниёзи аслии башарият медонем.                           Изҳори итминон менамоям, ки сафари Ҷаноби Олӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дустонаи ду кишвар такони тозае мебахшад. 

Май 29, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид