КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ БА ЗАРАРДИДАГОН
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва кӯмакпулии якдафъаина ба оилаҳое, ки аз боришоти боронҳои зиёд ва фаромадани ярч хонаҳояшон зарар дидааст, фармоиш имзо намуд. Мутобиқи ин фармоиш 377 450 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад, ки ба ҳар як оилаи ду деҳаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон, ки хонаҳояшон дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани ярч пурра ва ё қисман зарар дида буд, тақсим карда мешавад. Ба ҳар як оилаи зарардида 3000 сомонӣ қарзи имтиёзнок ва вобаста ба андозаи зарар аз 150 то 650 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад. Вазорати молия, Бонки давлатии Амонатгузории «Амонатбонк» ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ вазифадор гардиданд, ки дастрас кардани маблағҳои мазкурро ба оилаҳои зарардида таъмин намоянд. Хотиррасон мекунем, ки шаби 21 — ум ба 22 — юми апрели соли равон дар ду деҳаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани ярч 22 хона пурра ва 65 хонаи дигар қисман вайрон шуда буд. Дар ин 87 хонаи зарардида 114 оила зиндагӣ мекардаанд, ки шумораи онҳо 595 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






