КИТОБИ НАВ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ

Май 13, 2009 15:59

                     Душанбе, 13май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Созмони байналмиллалии «Истиқбол» барои наврасон 10 шеъри беҳтарини шоиру оҳангсозони тоҷикро гирд оварда, китоби «Даҳ суруди нағз»-ро пешкаши хонандагони хурдсол намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари созмон Латофат Кенҷаева хабар дод, китоби мазкур бо теъдоди 5 ҳазор нусха, зери таҳрири шоир Ҷӯра Ҳошимӣ нашр гардид. Л. Кенҷаева зикр намуд, ки китоб дар давоми 2 сол ба чоп омода карда шуд.Китоб шеърҳои шоирони маъруф Абдусалом Деҳотӣ, Муҳиддин Фарҳат ва Гулчеҳра Сулаймониро дар бар мегирад, ки шеърҳои онҳо байни наврасон машҳур гаштаанд. Ҳамаи шеърҳои он соддаю равон буда, хонандагони хурдсол онҳоро ба осонӣ аз ёд карда метавонанд. Шеърҳои китоб ба шакли суруд дароварда, ҳамроҳи адвор (нота) ба хонандагон пешкаш карда шуданд. Ин кори мураббиёни боғчаҳои бачагона ва муаллимони фанни сурудро хеле осон хоҳад кард.                       Бояд қайд намуд, ки нашриёти «Истиқбол» дар давоми 3 моҳ 6 китоби навро барои кӯдакону наврасон ба табъ расонид.

Май 13, 2009 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид