КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Май 15, 2009 12:55

                        Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ 16 майи соли равон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, бахшида ба Рўзи байналмилалии осорхонаҳо конфронси илмии ҷумҳуриявии «Зарурат ва проблемаҳои такмили фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.                         Дар кори конфронс Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шўъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, намояндагони Академияи илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, инчунин дигар осорхонаҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.                          Дар он мутахассисони соҳа дар мавзўъҳои таърихи ҷамъоварии осори таърихӣ, такмили фонди Осорхонаи миллӣ дар даҳ соли охир, зарурати ҷамъоварии осори хаттӣ ҳамчун ёдгории тамаддун дар осорхонаҳо, нақши Осорхонаи миллӣ дар ҷамъоварӣ ва ҳифзи сиккаҳо ва ғайра баромад мекунанд.                        Қабл аз оғози конфронс намоиши ёдгориҳои ҷамъоваришудаи замони истиқлол баргузор мегардад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Май 15, 2009 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар