КОРМАНДИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯРО ҲАБС КАРДАНД
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Мавлонназар Шерназаров ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ, бо мақсади дар ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ беҳтар нишон додани фаъолияти хеш, моҳи июли соли 2007 ба сохтакории далелҳо даст зада, дар хусуси аз муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Хуросон М. Алимардонов гирифтани 100 доллари ИМА протоколи қалбакӣ тартиб додааст. Вобаста ба ин ҳолат, 15 октябри соли 2008 аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ нисбати М. Шерназаров оид ба сохтакории далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он ба прокуратураи вилояти Хатлон вогузор шуда буд. Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ М. Шерназаров ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷом додани тафтишоти пешакӣ барои баррасӣ ба суд фиристода шуд. Дар натиҷа, бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 19 майи соли ҷорӣ Мавлонназар Шерназаров дар сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ 5 сол ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мӯҳлати 3 сол ва маҳрум кардан аз рутбаи махсуси палковники адлия, таъин карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доднд.








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






