«КОРНАМОИИ ПАДАРОН» ДАР ВАҲДАТ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии ба номи 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Ваҳдат гӯшае бо номи «Корнамоии падарон» ташкил карда шуд. Дар он расмҳо, хуҷҷатҳо ва сару либосҳои баъзе аз истиқоматкунандагони шаҳру ноҳия, ки дар мубориза бо фашизм ҷоннисориҳо намудаанд, гузошта шудааст. Ҳар яке аз ин ҳуҷҷатҳо воқеоти он давраро ба бинандагон муфассал бозгӯ мекунанд. Ҳар рӯз аз тамошои ин осорхона на танҳо калонсолон, балки хонандагони мактабҳои ҳамагонии ноҳия низ баҳра мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки дар набардҳои зидди фашизм аз ин минтақаи ҷумҳурӣ 10 ҳазор ҷавонмардон иштирок намуда, аз он зиндаву саломат ба Ватан 2,700 нафар баргаштанд. То имрӯз танҳо 108 нафар собиқадорони ҷанг дар қайди ҳаёт буда, даври пирӣ меронанд. Ба синну соли худ нигоҳ накарда, ҳар яке аз онҳо ба тарбияи насли наврас машғуланд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






