ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТ НИЗ СОҲИБИ ИНТЕРНЕТ ГАРДИД

Май 21, 2009 17:28

                        Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Литсей-интернати бачагони боистеъдоди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муаррифии маркази интернетӣ ва коллекторҳои офтобӣ доир гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Эн Ҷейкобсон, раиси ноҳияи мазкур Умедхоҷа Зоҳиров, узви Шӯрои ҶСК «Агроинвестбонк» Гулафзо Савриддинова ва намояндагони Фонди Карнеги барои сулҳи байналмилалӣ иштирок намуданд.                        Гуфтанист, ки ин маркази интернетӣ ва коллекторҳои офтобӣ бо кӯмаки молиявӣ ва техникии Фонди Карнеги роҳандозӣ шуда, ин иқдом дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби ин ташкилоти байналмилалӣ бори аввал аст. Маркази интернетӣ бо 5 компютер ҷиҳозонида шуда, бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошад ва ҳангоми набудани нерӯи барқ ин марказ бо истифода аз коллекторҳои офтобӣ фаъолият мекунад. Иқтидори ин коллекторҳо то 20 -25 компютер аст.                        Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Умедхоҷа Зоҳиров аз кӯмакҳои мунтазами Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва ташкилотҳои амрикоӣ изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки бо ибтикори бевоситаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорат ва ташкилотҳои байналмилалии ИМА дар самтҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, расонидани тухмиҳои хушсифат ва амсоли инҳо дар ҳудуди ноҳия лоиҳаҳои махсусро амалӣ мегардонанд, ки бевосита ба рушди мутақобилан судманди хоҷагии халқи ноҳия мусоидат мекунад.                        Мавриди зикр аст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» бо амри Сарвари Давлат сарпарастии Литсей-интернати бачагони боистеъдоди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба ӯҳда дорад. ҶСК «Агроинвестбонк» мунтазам дар арафаи идҳои расмӣ ба ин Литсей-интернат кӯмакҳои моддию молиявӣ мерасонад.                        Узви Шӯрои ҶСК «Агроинвестбонк» Гулафзо Савриддинова дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Шӯрои ҶСК «Агроинвестбонк» тасмим гирифт, ки минбаъд кӯмаке кунад, ки баҳри ободонии литсей-интернат мусоидат намояд. Бо ин мақсад, дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тасмим гирифта шуд, ки чоҳи обкашӣ ва хатҳои оби нӯшокии ин литстей таъмири пурра карда шавад. Аз ин рӯ, ҶСК «Агроинвестбонк» дар якҷоягӣ бо Фонди Карнеги барои сулҳи байналмилалӣ ҷоҳ ва хатҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва обҳои хобгоҳу ҳаммоми ин Литсей-интернатро пурра таъмир карда, ба истифода дод.                         «Мо минбаъд низ кӯмакҳои худро ҳамчун сарпараст ба Литсей-интернати бачагони болаёқати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идома дода, мекӯшем, ки дар бартараф сохтани камбудиҳои дигари дар ин муассисаи таълимӣ ҷойдошта мусоидат намоем», — тазаккур дод дар хотима Г. Савриддинова.

Май 21, 2009 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид