МӮЪТАБАР ИБРОҲИМОВА ДАРГУЗАШТ

Май 22, 2009 15:11

                        Хуҷанд, 22 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар даромадгоҳи театри ба номи К.Хуҷандӣ маросими пешаздафнии Ҳунарпешаи халқии Чумҳурии Тоҷикистон Муътабар Иброҳимова баргузор гардид. Аз пагоҳӣ бо ин ҳунарпешаи номдори саҳнаи тоҷик мухлисон, хешону пайвандон ва одамони зиёд падруд гуфтанд.                        Баъд митинги мотам оғоз гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқ Темурбоевич Мирхолиқов сухани ифтитохӣ намуд. Муовини аввали раиси вилоят Шакарбек Самадов, Арбоби Шоистаи ҳунар Ислом Саломов суханронӣ намуда, ба аҳли хонавода ва хешу пайвандони марҳум сабри ҷамил орзу намуданд. Баъд фарзанди марҳума Обидҷон Назаров ба сухан баромада ба ҳозирин миннатдори баён намуд. М.Иброҳимова дар тули 79 соли умри бобаракаташ корҳои бузургеро анҷом дода дар саҳнаи театри тоҷик саҳми босазое боқӣ гузоштааст. Спектаклҳои «Исёни арусон», «Модар нигарон буд», «Лайли ва Маҷнун» беҳтарин маҳсули меҳнати ӯ мебошад. М.Иброҳимова бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст.

Май 22, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад