М. МОРДАСИНИ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАД
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 май бо мудири иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Мишел Мордасини мулоқот анҷом дод. Меҳмон баъди анҷоми мулоқоташ бо сарвари давлат барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай дар оғози сӯҳбаташ зикр кард, ки байни Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон мубодилаи мунтазами маълумот ба роҳ монда шудааст. Чунин мулоқотҳо бо Президент аҳамияти калон доранд, зеро дар натиҷаи онҳо масъалаҳои муҳим ҳал карда мешаванд. М.Мордасини зикр намуд, ки сафари ӯ ба Душанбе ба конфронси намояндагони мамлакатҳои мададрасони Тоҷикистон вобаста мебошад. Дар конфронси мазкур проблемаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ муҳокима шуданд. Натиҷаҳои конфронс умедворкунанда мебошанд, гуфт М.Мордасини. Вай зикр намуд, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои марбут ба таъсири бӯҳрони молиявиро ба иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин, тадбирҳои Ҳукумати мамлакатро барои пешгирии оқибатҳои он муҳокима кардааст. Зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, баргардондани қарзҳо ва таъсири манфии онҳо ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат баррасӣ шуданд. Мулоқот шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои равнақу ривоҷи тиҷорату соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёт тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин бобат Бонки ҷаҳонӣ ба воситаи Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Қайд кардла шуд, ки моҳи августи соли гузашта дар Душанбе масъалаи таҳияи барномаи стратегии марбут ба истифодаи захираҳои об ва энергетикаи Осиёи Марказӣ муҳокима шуда буд. Ин кори осон нест ва гуфтушуниду мулоқотҳои роҳбарони мамлакатҳои минтақаро талаб менамояд.Президент Эмомалӣ Раҳмон маро дилпур сохт, ки барномаи мазкур сари вақт таҳия ва иҷро карда мешавад.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






