М. УБАЙДУЛЛОЕВ: «ҚОНУНҲО БА РАФЪИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӮ МУСОИДАТ МЕНАМОЯНД»
Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳудуди 10 Қонуни нав дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 май таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парламенти мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ», «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ», «Дар бораи ба рӯйхагирии аҳолӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз зумраи қонунҳое мебошанд, ки қаблан аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардида буданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки муҳокима ва қабули қонунҳои зикргардида ҷиҳати рафъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир мегузоранд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






