МАҶАЛЛАИ «АВИТСЕНА» БО СЕ ЗАБОН ЧОП МЕШАВАД
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Маҷаллаи илмӣ-амалии «Авитсена» акнун натанҳо бо ду забон русию тоҷикӣ, балки бо се забон, забони форсӣ низ чоп мешавад. Сармуҳаррири маҷаллаи «Авитсена» Муллозуҳур Тоҳирӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Маркази табибони мардумии Эрон ба ин нашрия мароқ зоҳир намуд. Ҳамкасбони Эронии мо хароҷоти чопи маҷалларо ба забони форсӣ ба зиммаи худ гирифтанд. Аллакай дар охири моҳ ҳазор нусха маҷалла ба Эрон фиристода хоҳад шуд.Тавре, ки маълум аст муассисони маҷаллаи мазкур Ҷамъияти мутахассисони соҳаи тибби анъанавӣ, гиёҳпизишкони ҶТ, Иттифоқи дорусозон, Маркази назорати давлатии фаъолияти дорусозӣ ва табии ФР мебошад ва он танҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари ИДМ паҳн карда мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






