МАРОСИМИ ШИНОСО&#1250

Май 30, 2009 14:07

                         Маскав, 30 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 29 май дар толори калони «Президент-отел»-и шаҳри Маскав маросими шиносоӣ бо фаъолияти агентии нави туристии «Авесто-тревел» ва маҷаллаи «Оригинал Тоҷикистон» баргузор гардид, ки чанде пеш дар пойтахти Русия ташкил ёфтаанд. Директори генералии агентии туристии «Авесто-травел» Фотима Достиева ва сармуҳаррири маҷаллаи «Оригинал Тоҷикистон» Ганҷина Майбалиева дар бораи ҳадафу вазифа ва фаъолияти муассисаҳояшон нақл карданд. Қайд карда шуд, ки агентии нави туристӣ ва маҷаллаи нав дар бораи Тоҷикистон мамлакати моро ба ҷаҳониён бештару хубтар шинос хоҳанд кард.                        Дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни ҷамъомад Сафири кабири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев сухан кард.                        Дар маросими шиносоӣ бо фаъолияти ин муассисаҳо дастаҳои санъаткорони «Нур»-и шаҳри Маскав ва «Ғарибон»-и шаҳри Твер ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин, шогирдони устоди либосҳои навбаромади Тоҷикистон Мукаррама Қаюмова ба ҳозирон либосҳои навро намоиш доданд. Ҳамчунин, дар мавзӯи «Гузашта, имрӯз ва фардои Тоҷикистон» викторина гузаронида шуд. Ба ғолибони он аз номи сарпарастони ҷамъомад — ширкати телевизионии «Мир», «Тоҷиксодиротбонк», Бунёди мероси фарҳангии «Помир» ва баъзе бонкҳои Русия тӯҳфаҳо супорида шуданд. Сипас, ба иштирокчиёни ҷамъомад маълумотномаҳо дар бораи агентии туристии «Авесто-тревел» ва шумораи аввали маҷаллаи «Оригинал Тоҷикистон» тӯҳфа карда шуданд.                        Сармуҳаррири маҷалла Г. Майбалиева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар саҳифаҳои он роҷеъ ба таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мақолаю суратҳо чоп карда мешаванд.

Май 30, 2009 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид