МЕТЬЮ АППЕЛБАУМ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 23 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи шаҳрдори нави шаҳри Боулдери иёлоти Колорадои ИМА Мютью Аппелбаум нома расид. Шаҳрдори нави Боулдер дар номаи худ хостори ҳар чӣ бештари тақвияти ҳамкории ду бародаршаҳр гардида, ба дурнамои ҳамкориҳои Душанбею Боулдер бо умед нигаристааст. Аз ҷумла, Метью Аппелбаум дар нома ба Раиси шаҳри Душанбе гуфтааст, ки «Ба Шумо дар бораи мукофоте хабар медиҳам, ки ба қарибӣ аз «Маркази дӯсти- Интернет Кафе» -и Душанбе гирифта будам. Дар робита ба Шумо иттилоъ медиҳам, ки ояндаи наздик аз номи Созмони байналмилалии шаҳрҳои бародаршаҳр ба Шумо мукофот дода мешавад. Мукофоти мазкур «Навоварӣ дар соҳаи рушди устувори энергетика» ном дошта, бо маблағи департаменти энергетикаи ИМА таъсис дода шудааст. Ба туфайли мукофоти мазкур Душанбе ба таври ройгон узви Созмони байналмилалии шаҳрҳои бародаршаҳр мегардад. Ин барои шаҳрҳои мо шарафи бузург аст. Зеро мо барои ташкили «Маркази дӯстӣ- Интеренет Кафе» дар Душанбе кӯшиши зиёд ба харҷ додем». Ҳамзамон, мири шаҳри Боулдер гуфтааст, ки дар ояндаи наздик аъзои Кумитаи шаҳрҳои бародаршаҳр фурсат ёфта, ба Душанбе ташриф меоранд. Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи бародаршаҳрӣ байни Душанбею Боулдер моҳи майи соли 1987 ба имзо расидааст. Алҳол дар ин шаҳри бародари Душанбе чойхонаи тоҷикии кандакоришуда, ки маҳсули ҳунари устоҳои чирадасти тоҷик аст, ба сокинони Боулдер хизмат расонида, таҷассумгари фарҳанги қадимаи тоҷикон аст. Душанбе бо 14 шаҳри дунё — Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон, Шероз (Эрон), Санкт-Петербург, (Русия), Минск (Беларус), Лусака (Замбия), Сана (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Урумчи (Чин), Анкара,( Туркия) бародаршаҳр буда, бо шаҳрҳои Москва ва Саратови Русия шаҳрҳои шарик ба ҳисоб меравад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






