МУҲОКИМАИ ВАЗЪИЯТИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ
Маскав, 7 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия дар маҷлиси навбатии худ вобаста ба афзудани ҳаҷми интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ва таҳдиди он ба амнияти байналхалқӣ қарор қабул намуданд. Дар маҷлис тамоили манфии афзоиши масоҳати парвариши кӯкнор ва зиёд гардидани истеҳсоли афюн дар ин мамлакат таъкид карда мешавад. Дар ҳуҷҷат омадааст, ки хабарҳои умедворкунанда дар бораи кам кардани парвариши кӯкнор ва истеҳсоли героин дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бо маълумоти аниқ дар бораи зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли навъи дигари маводи нашъадор — банг ва афюн ва аз онҳо ҳосил кардани марихуана рад карда мешавад. Бояд гуфт, ки Афғонистон аз ҷиҳати истеҳсоли марихуана дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои авалинро ишғол менамояд. Зиёда аз ин, маҳз дар ҳамин вилоятҳои бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамсарҳад озмоишгоҳҳо ва корхонаҳои нисбатан муҷаҳҳазу ҳозиразамон барои истеҳсоли маводи пуртаъсири героин аз кӯкнори дар вилоятҳои ҷанубӣ парвариш кардашуда воқеъ гардидаанд. Дар қарори Думаи давлатӣ таъкид карда мешавад, ки мубориза ба муқобили афзоиши ҳаҷми интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон вазифаи умумии тамоми ҷомеаи ҷаҳон мебошад ва пешгирии он андешидани амалиёти якҷояю муштарак ва самарабахшро тақозо менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






