МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БА МУҚОБИЛИ ҶИНОЯТ ВА ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Май 19, 2009 10:21

                       Екатеринбург, 19 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 18 май дар шаҳри Екатеринбург таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Русия Рашид Нургалиев машварати вазирони корҳои дохилии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти мубориза ба муқобили ҷиноят ва терроризми байналмилалӣ муҳокима карда шуданд. Дар мулоқот вазирони корҳои дохилии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Президенти Русия дар Округи федералии Урал Николай Винниченко ва волиёни вилоятҳои минтақа иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар ин машварат вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва сардори раёсати ташкилию назорати ВКД Тоҳир Норматов ширкат варзиданд.                      Рашид Нургалиев машваратро кушода, дар бораи аҳамияти масъалаи муҳокимашаванда сухан ронд.                        Вай зикр намуд, ки роҳу усулҳои самарабахши муҳофизат аз ҳамлаҳои ҷинояткорона ба газопроводҳо ва нефтепроводҳои мамлакатҳои аъзои СҲШ — ро муқаррар намуда, роҳҳои қонунӣ гардонидани маблағу моликияти бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда, баста шаванд. Барои ин заминаи боэътимоди қонунӣ бунёд кардан лозим аст. Р.Нургалиев зикр намуд, ки авҷ гирифтани ҷинояткории байналмилалӣ қабули тадбирҳои самарабахши иловагиро барои бештар сохтани натиҷаи фаъолияти мақомоти муҳофизи қонун талаб менамояд.                       Намояндаи ваколатдори Президенти Русия дар Округи федералии Урал Николай Венниченко афзуд, ки ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар ин самт набояд танҳо ба истифодаи зӯрӣ барои ҳифзи манфиатҳои қонунии худ равона карда шавад. Чунин зуҳуроти номатлубро инчунин, бо роҳи амалӣ сохтани тадбирҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии мамлакатҳои аъзои созмон пешгирӣ кардан мумкин аст, гуфт вай.                         Вазирон ҷараёни тайёриро ба мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ баррасӣ намуданд, ки тибқи нақша бояд 16 август дар Бишкек баргузор гардад. Дар фарҷоми машварат ҳуҷҷати хотимавӣ қабул карда шуд.

Май 19, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид