МУЛОҚОТ БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова). — Дар Қасри Миллат дар доираи сафари расмии Президенти Хорватия Степан Месич ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми маросими имзои ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич бо хабарнигорон баргузор гардид. Сарони ҳар ду давлат ба намояндагони воситаҳои ахбори оммавии маҳаллию хориҷӣ дар бораи натиҷаҳои мулоқоташон, ҳуҷҷатҳои имзошуда ва нақшаҳои густариш додани муносибатҳо ва ҳамкории мамлакатҳояшон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт маълумоти муфассал доданд. Президенти Хорватия Степан Месич дар фарҷоми мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки моҳи августи соли равон ба мамлакаташ меҳмон шавад. Ин даъват бо камоли мамнуният пазируфта шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






