МУЛОҚОТ ДАР ВКХ

Май 5, 2009 14:39

                Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, 4 май бо директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура мулоқот кард.               Ҳ.Зарифӣ ба ин муассисаи махсусгардондашудаи СММ барои кӯмакҳояш дар бобати ҳифзу нигоҳ доштан ва барқарор сохтани ёдгориҳои фарҳангӣ ва табиии мамлакат изҳори сипос намуд. Вай изҳори умед намуд, ки шаҳраки «Саразм» — и Панҷакент ва Боғи миллии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли равон ба муҳокимаи Кумитаи мероси ҷаҳонии СММ пешниҳод шуда буданд, ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда хоҳанд шуд.              К.Матсуура зикр кард, ки Тоҷикистон аз соли 2004 сар карда, то имрӯз дар соҳаҳои маорифу илм ва фарҳанг бештар аз 17 барномаро амалӣ месозад. Яке аз ин барномаҳо барқарор сохтани ибодатхонаи давраи буддоӣ дар мавзеи Аҷинатеппа мебошад. Тибқи қарори ЮНЕСКО моҳи сентябри соли 2009 дар Душанбе дар мавзӯи «Вазъи имрӯза, таъмини бехатарӣ ва истифодаи оқилонаи кӯли Сарез» симпозиум гузаронида мешавад. Зимни сӯҳбат таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ташаббуси ҷаҳонии беҳтар сохтани идора ва истифодаи самарабахши захираҳои обро дастгирӣ менамояд.  

Май 5, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид