МУЛОҚОТ ДАР ВКХ

Май 7, 2009 15:38

                    Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 6 май бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ Андре Мерние мулоқот кард. Зимни сӯҳбат роҷеъ ба тамоми самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва созмони мазкур табодули назар карда шуд.                      Ҳ.Зарифӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба фаъолияти Созмони аҳдномаи энергетикӣ мароқи калон зоҳир менамояд, зеро он барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика дар минтақаи Евразия заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Дар робита аҳамияти амалӣ сохтани барномаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон таъкид карда шуд.                     Андре Мерние зикр кард, ки Созмони аҳдномаи энергетикӣ имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистонро яке аз омилҳои муҳимтарини таъминоти амнияти энергетикии минтақа мешуморад. Зимни сӯҳбат зарурати ҳамкории давлатҳои минтақа дар ин соҳа таъкид гардид.                    Меҳмон дар фарҷоми сӯҳбат зикр намуд, ки зимни сафар мехоҳад бо баъзе иншоотҳои гидроэнегтикии Тоҷикистон шинос шавад.

Май 7, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид