МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО МУНИР МИРАЛӢ

Май 7, 2009 18:34

                       Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 6 май бо намояндаи доимии Хазинаи рушди Созмони Оғохон дар Тоҷикистон Мунир Миралӣ мулоқот кард.                 Зимни мулоқот масъалаҳои амалӣ сохтани барномаҳои Хазинаи рушди созмони Оғохон дар Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ба фаъолияти гуногунсоҳаи созмон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи мамлакат, хусусан амалӣ сохтани барномаҳои иҷтимоӣ ва расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ баҳои баланд медиҳад.                   Мунир Миралӣ изҳор намуд, ки бо вуҷуди идома ёфтани бӯҳрони молиявӣ ҳамаи барномаҳои Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Мо ба амалӣ сохтани барномаҳо дар соҳаҳои тандурустию маориф ва гуманитарӣ диққати бештар хоҳем дод, гуфт М.Миралӣ.                 Намояндаи Хазинаи рушди Созмони Оғохон ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи додани иҷозат ба интиқоли молҳои ғайринизомии НАТО ба воситаи қаламрави мамлакат ба Афғонистон баҳои мусбат дод.                  Баъдан мусоҳибон масъалаи тезонидани суръати сохтмони меҳмонхонаи нави панҷситорадори «Серена» — ро дар Душанбе баррасӣ намуданд.                   Ҳ.Зарифӣ дар фарҷоми сӯҳбат зикр намуд, ки айни ҳол кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат ба ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об равона карда шудааст ва ба манфиати ҷумҳурӣ истифода бурдани имкониятҳои энергетикии мавҷуда яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат мебошад.  

Май 7, 2009 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид