МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МИШЕЛ МОРДАСИНИ

Май 14, 2009 17:10

                      Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директории иҷрокунандаи Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Мишел Мордасиниро, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария Тоҷикистонро дар Бонки умумиҷаҳонӣ намояндагӣ мекунад, ба ҳузур пазируфт.                       Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Мишел Мордасини ва Ҳукумати Швейтсария барои намояндагии Тоҷикистон дар Бонки умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ва ҳамчунин баҳри дастгириҳои зиёди молиявию техникӣ аз ҷониби давлати Швейтсария арзи сипос намуд.                       Дар мулоқот оид ба дастгирии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва натиҷаҳои мулоқот бо намояндагони созмону кишварҳои мададрасон, ки дирӯз баргузор гашт, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.                      Аз натиҷаи мулоқоти роҳбарони сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳою кишварҳои мададрасон, ки мутобиқи он кӯмакҳои иловагии молиявию техникии зиёд барои татбиқи амалии барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷудо гарданд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                      Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рафти ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва албатта доир ба азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ гуфтугӯ намуданд.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 14, 2009 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!