МУЛОҚОТИ НАХУСТИНИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти нахустини соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Дар ҷараёни он роҷеъ ба вазъияти воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва барномаҳои мавҷудаи сармоягузорӣ барои рушди иқтисодиёт маълумоти муфассал дода хоҳад шуд. Инчунин, масъалаҳои ҷалби сектори хусусӣ ба рушди иқтисодиёт, туризм, энергетика, саноат, нақлиёт ва алоқа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Баъди маросими расмии кушодашавии мулоқот маҳфилҳои он дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла, «Энергетика ва саноат», «Туризм», «Тандурустӣ», «Нақлиёт ва алоқа» ва ғайра давом хоҳанд кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати Арабистони Саудӣ намояндагони соҳаҳои туризм, тандурустӣ, маориф, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби тоза ва ғайраро дар бар мегирад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






