МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ЮНЕСКО

Май 5, 2009 14:00

                Коичиро Матсуура ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ аз саҳми намоёну фаъолияти пурмаҳсулаш дар густариш додани ҳамкории миёни Тоҷикистону ЮНЕСКО медали тиллоии ЮНЕСКО — ро, ки барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ба наздикӣ таъсис ёфтааст, тақдим намуд.              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО ва шахсан ба Директори генералии он Коучиро Матсуура баҳри чунин қадрдонии баланд ва ҳамчунин дастгирии намоён аз тарғибу ташвиқи осори гаронарзиши таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзи сипос кард.              Ба ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода шуд.               Коичиро Матсуура изҳор дошт, ки ЮНЕСКО минбаъд низ дар татбиқи лоиҳаю барномаҳои вобаста ба оби Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ намедорад, аз ҷумла дар ташкил ва гузарондани вохӯрии минтақавӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез, ки моҳи сентябри соли равон бояд баргузор гардад ва ҳамчунин дар омодасозии конфронси байналмилалӣ оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми даҳсолаи «Об барои ҳаёт», ки соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда хоҳад шуд.              Мусоҳибон оид ба ҳифз, тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори бебаҳои таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва миллати тоҷик гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.             Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор дошт, ки баҳри ба номгӯйи Ёдгориҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани осори таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Саразм, Боғи Миллии Тоҷикистон, ибодатгоҳи буддоии Аҷина-теппа, шаҳристонҳои Ҳулбук, Панҷакенти қадим, Тахти Сангин, қалъаҳои Ҳисору Ямчун, мадрасаи Хоҷа-Машҳад ва ғайра корҳои намоён ба сомон мерасанд.             Таъкид гардид, ки тибқи нақшаҳо ба наздикӣ шаҳристони Саразм ва Боғи Миллии Тоҷикистон бояд ба ин феҳрист ҳамроҳ карда шаванд.Эмомалӣ Раҳмон ва Коичиро Матсуура ҳамчунин аз ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби барномаҳои «Иштироки ЮНЕСКО», «Маориф барои ҳама» ва «Маориф барои калонсолон» изҳори қаноатмандӣ карданд.             Ба натиҷаҳои ҳамкории ЮНЕСКО бо Кумита оид ба ахлоқи биологӣ, ки дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад, баҳои баланд дода шуд.              Зикр гардид, ки масъалаи ба номгӯйи санаҳои идонаи ЮНЕСКО ҳамроҳ намудани 100-солагии шоири шаҳири тоҷик ва тарғибгари бебаҳои фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон Мирзо Турсунзода ба рӯзномаи Конфронси генералии 35 — уми ЮНЕСКО ворид шудааст.             Эмомалӣ Раҳмон ва Коичиро Матсуура ҳавасмандии Тоҷикистону ЮНЕСКО -ро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бори дигар таъкид намуданд.

Май 5, 2009 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар