МУЛОҚОТИ СУДМАНД
Хуҷанд, 6 май.(АМИТ Ховар, Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳукук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Қосимович Каримов бо хатмкунандагони шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ баргузор гардид. Дар он сарвари донишгоҳ зикр намуд, ки маъвои маърифатии мо соли сипаригардида баъди ташрифи хуҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгардаш ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бояд гуфт, ки дар донишгоҳ таи як ҳафта бо хатмкунандагони ҳамаи шаш факултаҳо силсилаи мулоқотҳо доир мегарданд. Бо баргузории ин сӯҳбати ошкоро инчунин таъкид карданиям: Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ аз ҷониби Шумо — хатмкунандагон дар марҳилаи баргузории имтиҳоноти давлатӣ риояи тартиботи имтиҳонсупории донишҷӯй, интизоми қатъӣ мебошад. Дар суханронии ректор инчунин масъалаҳо оиди решакан намудани тамаъҷӯй ва ришваситонӣ, миёнравҳо ва ошнобозию маҳалбозӣ барин зуҳуроти нохуш мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Каримов О.Қ. ин падидаи ногуворро қатъиян маҳкум намуда, зикр кард, ки ҷиҳати пешгирии он дар донишгоҳ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Масъалаи мунтазам назорат бурдан ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ба дарс омадани донишҷӯён ва риояи сару либоси расмӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавриди гуфтугӯи ректори донишгоҳ қарор гирифт ва ӯ ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти нохуш дастурҳои зарурӣ дод. Раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ, дотсент Музаффар Дониёров, декани факултаи ҳуқуқшиносӣ Нарзуллохон Ахмедов ва дигарон сухани сарвари донишгоҳро тақвият бахшида, гуфтанд, ки давраи масъулиятноки супоридани имтиҳоноти хатмкунӣ бо муваффақият сипарӣ мегардад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






