МУСОБИҚАИ СОБИҚАДОРОН

Май 4, 2009 16:52

                Хуҷанд, 4 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят, роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази Ҷавонон» ва сарпарастии компанияи телефонии «МЛТ» бахшида ба бузургдошти «Имоми Аъзам», Рӯзи Ғалаба, 10-солагии Муассисаи давлатии «Маркази Ҷавонон» мусобиқаи шоҳмот байни куҳансолон-ветеранҳои ҷангу меҳнат ва ҷавонон баргузор гардид.             Дар ин мусобиқа бештар аз 50 нафар варзишгарони синну соли гуногун ширкат варзиданд, аксарияти онҳо бо дастовезҳои идона сарфароз гардиданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ҷои аввал насиби сокини шаҳри Хуҷанд мураббӣ Муҳаммадсабур Юлдошев гардид. Ҷои дуюмро Никифоров Анатолий Георгиевич аз шаҳри Чкалов ва ҷои сеюмро Абдулло Холдоров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол намуданд.            Мусобиқаи варзишии шоҳмот байни ҷавонон, ки бевосита аз тарафи директори Муассисаи давлатии «Маркази Ҷавонон» Саидумрон Саидов ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ҷои аввал насиби Абдуалӣ Оқилов аз ҷамоати Қистакӯз, ҷои дуюм насиби Шӯҳрат Саидов аз шаҳри Хуҷанд, ҷои сеюм насиби Маъруфҷон Иномҷонов аз шаҳраки Ғафуров гардид.  Санъаткорони вилоят бо сурудҳои худ табъи иштирокчиёнро болида намуданд.

Май 4, 2009 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд