НАХУСТИН СОМОНАИ РАСМИИ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 19 май,(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Хуҷанд — маркази вилояти Суғд нахустин сомонаи интернетии расмии тоҷикии динию маърифатӣ — www.islom-sughd.tj ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин сомона ба забони тоҷикӣ оид ба масъалаҳои ақида, тафсир, фиқҳ, Абӯҳанифашиносӣ ва амсоли ин бахшҳо ҷой дода шудааст. Барои хонандагон махсусан бахши савол ва фатвоҳо ҷой дода шудааст, ки метавонанд, мустақиман бо маъмурияти сайт дар тамос шуда, ба саволҳои худ посух гиранд. Сомонаи интернетии мазкур бо ибтикори Маркази иттилоотию таҳлилии «Имоми Аъзам»-и назди Шӯрои уламои дини вилояти Суғд созмон дода шудааст. Назар ба иттилои Котиби масъули Маркази мазкур Ислом Раҳимов, алҳол корҳои ворид кардани мавод ба сомона идома дорад. Инчунин, то охири моҳи май китобхонаи мукаммали электронӣ роҷеъ ба масъалаҳои динӣ арзи ҳастӣ хоҳад кард.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






