НАСЛИ НАВРАС ПОСИ ХОТИРИ ГУЗАШТАГОНРО МЕДОРАД
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №12-и ноҳияи Ёвон маросими поси хотири фарзанди барӯманди деҳаи Утаган Ҷунайдулло Бӯриев баргузор гардид. Ҷонишини директори мактаби мазкур Садриддин Ибодов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аз соли 1994 инҷониб мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №12 ноҳияи Ёвон ба номи Ҷунайдулло Бӯриев номгузорӣ шуда, аз ин баъд ҳамасола 23 май, ки рӯзи таваллуди ӯ мебошад, ёдбуд гузаронида мешавад. Мавриди зикр аст, ки Ҷ. Бӯриев оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ёвон фаъолият карда, яке аз фаъолони ҳимояи сохти конститутсионӣ мебошад. Ӯ соли 1992 аз ҷониби афроди номаълум кушта шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






