НАЗОРАТ ВА САНҶИШҲОИ БОСАМАРИ ПРОКУРОРӢ
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ёрдамчии прокуратураи вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов,дар семоҳаи аввали соли 2009 кормандони прокуратураи шаҳру навоҳии ин вилоят самти фаъолияти худро ба масъалаҳои ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хунукназарӣ дар корҳои роҳбарӣ, барқарор кардани қарзҳои истифодаи обу барқ равона карданд, ки он самараи хуб дод. Кормандони прокуратураи вилоят тавонистанд зарари напардохтани маблағи обу барқро ба қадри 6 млн. 800 ҳазор сомонӣ барқарор намоянд. Ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва корхонаю муасссисаҳои вилоят аз ҷониби кормандони прокуратура зиёда аз 1600 амр, беш аз 1200 эътироз ва 496 пешниҳод тартиб дода ба идораҳои марбута фиристода шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






