НИШОНИ «АЪЛОЧИИ МАОРИФИ ИДМ» ТАЪСИС МЕЁБАД
Маскав, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар Китобхонаи миллии Белорусия дар мавзӯи «Маълумоти касбии техникӣ ва маълумот барои рушди устувор» конфронси байналхалқӣ гузаронида мешавад. Дар он масъалаҳои ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи маориф, илм, нуктаҳои асосии барномаи рушди иқтисодии ИДМ, гузаронидани Соли ҷавонон дар соли 2009 ва Соли илму технологияҳои нав дар соли 2010, тайёрӣ ба анҷумани нахустини муаллимон ва кормандони соҳаи маорифи мамлакатҳои ИДМ ва таъсиси нишони «Аълочии маорифи ИДМ» муҳокима карда мешаванд. Конфронс бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорусия, Дафтари ЮНЕСКО дар Маскав ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ гузаронида мешавад. Дар конфронси мазкур вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ширкат меварзад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






