НИЗОМНОМАИ НАВИ КМИР ТАСДИҚ ШУД

Май 25, 2009 16:58

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-25 май дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Низомнома дар бораи тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони васоити ахбори омма дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Масъалаи мазкурро Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев шарҳ дода, гуфт, ки бо тасдиқи ин Низомномаи нав Низомномаи қаблӣ, ки 16 декбри соли 2004 тасдиқ гардида буд, беэътибор дониста мешавад. Ин Низомнома аз Низомномаи пешин афзалияти бештаре дошта, он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр шудааст, ки вақтҳои наздик ба минтақаҳои кишвар фиристонида мешаванд.                       Инчунин, Мирзоалӣ Болтуев афзуд, ки 28 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурра ба интихобот бахшида шудааст, дар шакли китобча нашр мегардад.                      Ҳамзамон, дар ҷаласа Низомнома дар бораи тартиби пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатии, интихобот ва истифодаи маблағ аз хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳисобот аз рӯи он дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии» Тоҷикистон» тасдиқ гардид. Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат фикру мулоҳизаҳои худро доир ба паҳлуҳои гуногуни низомномаҳои зикргардида баён намуданд.                          Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ичунин, аризаи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.

Май 25, 2009 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад