ОҒОЗИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Май 24, 2009 10:59

                        Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова). — Имрӯз, 24 май маросими расмии истиқболи Президенти Хорватия дар майдони назди Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба шарафи меҳмони олиқадр дар майдони назди Қасри Президент парчамҳои давлатии Тоҷикистону Хорватия барафрошта, дастаи посбонони ифтихорӣ саф ороста буданд. Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пояи ифтихор баромаданд. Баъди ин оҳангҳои миллии ҳар ду мамлакат садо доданд. Сипас Президенти Хорватия Степан Месич ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз назди дастаи посбонони ифтихорӣ гузашта, дар назди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишони эҳтиром сари таъзим фуруд оварданд.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар Қасри Миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич баргузор гардид. Баъди ин дар фарҷоми мулоқоти ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат силсилаи ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ имзо карда шуданд.                       Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии ташрифи Президенти Хорватия ба Тоҷикистон вусъат додани равобити байнидавлатӣ, равнақу ривоҷи самтҳои афзалиятнок ва ҳамкории иқтисодии ҳар ду мамлакат, инчунин, ба роҳ андохтан ва тавсиа додани равобити илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Хорватия ба Тоҷикистон аст.

Май 24, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад