ОЗМОИШИ ЗЕРИЗАМИНИИ АСЛИҲАИ ЯДРОӢ ДАР ҶХДК
Сеул, 25 май. (АМИТ «Ховар» — Росбизнесконсалтинг). — Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё имрӯз расман хабар дод, ки дар қаламрави мамлакат озмоиши зеризаминии аслиҳаи ядроӣ гузаронида шуд. Хабар дода мешавад, ки ҳадафи гузаронидани он афзун гардондани иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад. Қайд карда мешавад, ки қувваи таркиши ядроӣ нисбат ба озмоиши соли 2006 гузаронидашуда чандин баробар зиёд буд. Дар натиҷаи озмоиши аслиҳаи ядроӣ дар ҶХДК дар қаламрави Куриёи Ҷанубӣ замин бо қувваи 4,7 балл ҷунбид. Ҷунбидани заминро хадамоти геологии ИМА низ ба қайд гирифт. Куриёи Шимолӣ озмоиши нахустини зеризаминии аслиҳаи ядроиро моҳи октябри соли 2006 гузаронида буд. Шӯрои амнияти СММ ҳамон вақт қатънома қабул карда, аз ҶХДК талдаб намуд, ки минбаъд чунин озмоишҳоро нагузаронад. Вале Пхенян ин талаботро рад намуда, 5 апрели соли равон ракетаро бо мушаки дорои кулоҳаки ядроӣ ба мадори назди замин баровард. Баъди ин ҶХДК эълон кард, ки аз гуфтушунидҳои шашҷонибаи бахшида ба халъи силоҳи ядроӣ хориҷ мегардад. Коршиносони ғарб ҳамон вақт пешбинӣ карда буданд, ки ҶХДК ба озмоиши навбатии аслиҳаи ядроӣ тайёрӣ мебинад.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






